БОХТАР, 19 сентябр. Дар маҳаллаи Ҳоҷишарифи шаҳри Бохтар бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Зайнулло Қаҳҳоров корҳои мумфаршкунии беш аз 5 километр роҳ оғоз гардида, он дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст.
Дар доираи ин иқдоми созанда роҳе, ки масофаи умумии он беш аз 5 километрро ташкил медиҳад, бо паҳноии 7 метр мумфарш карда мешавад. Амалӣ гардидани чунин корҳои ободонӣ барои беҳтар намудани ҳолати роҳ, осон гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинони маҳалла заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Зимни оғози корҳои роҳсозӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуданд.
Раиси вилояти Хатлон зимни иштирок дар оғози корҳои роҳсозӣ таъкид намуданд, ки ободонии маҳал ва беҳтар намудани инфрасохтори роҳу нақлиёт аз самтҳои муҳими рушди шаҳр ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт ва беҳтар намудани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ яке аз самтҳои муҳими корҳои созандагиву ободонӣ ба ҳисоб меравад. Бо назардошти афзоиши шумораи аҳолӣ ва воситаҳои нақлиёт, таъмиру навсозии роҳҳо барои таъмини ҳаракати бехатар ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.
Тибқи нақша, дар баробари мумфарш намудани роҳ, дар маҳалла корҳои равшаннамоӣ низ ба роҳ монда шуда, барои насби симчӯбҳои барқӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки бо беҳтар гардидани ҳолати роҳ, сатҳи равшаннамоии маҳалла низ баланд бардошта шуда, барои сокинон, бахусус дар вақти шаб, шароити мусоиди ҳаракат фароҳам гардад.
Дар солҳои охир бо дастгирии соҳибкорон ва сокинони ватандӯст дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои ободониву созандагӣ вусъат гирифта, роҳҳо таъмиру навсозӣ, кӯчаву маҳаллаҳо обод ва инфрасохтори иҷтимоиву коммуналӣ беҳтар карда мешаванд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

