ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

19 сентябр, зимни сафари корӣ ба ноҳияи Носири Хусрав раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сокинони ноҳия мулоқот намуда, қабули сайёри шаҳрвандонро баргузор карданд.

Қабули шаҳрвандон бо мақсади баррасии муроҷиатҳои сокинон, ҳалли мушкилоти онҳо ва расонидани кумак ба ниёзмандон сурат гирифт. Дар ин рӯз 11 нафар сокини ноҳия масъалаҳои гуногуни худро ба миён гузоштанд.

Дархости ҷудо намудани замин барои бунёди боғи 20-гектарии анор, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорзанон оид ба бунёди бунгоҳи тиббӣ ва сехи қаннодӣ, дастрасӣ ба замини наздиҳавлигӣ ва таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техника барои тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо аз ҷумлаи масъалаҳои баррасишуда буданд.

Ба масъулини ноҳия ҷиҳати баррасии саривақтии муроҷиатҳо ва мусоидат дар ҳалли мушкилоти шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар идомаи мулоқот масъалаҳои муҳими рушди ноҳия, аз ҷумла ҷамъоварии ҳосили пахта, маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, рушди соҳаи маориф, китобхонӣ ва иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси вилояти Хатлон сокинони ноҳияи Носири Хусравро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, саҳми ҳар як сокинро дар рушди ноҳия ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Раиси вилояти Хатлон ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

#Хатлон #НосириХусрав #ҚабулиШаҳрвандон #Истиқлол #Созандагӣ #РушдиКишоварзӣ #Маориф

Related Articles