ҚУБОДИЁН, 18 сентябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагии деҳқонии «Ҳайталӣ», воқеъ дар деҳаи Б. Ғафурови ҷамоати деҳоти Вобканд, иштирок намуданд.
Хоҷагии деҳқонии «Ҳайталӣ» таҳти роҳбарии хоҷагидор Эшмуродов Илҳом фаъолият намуда, майдони умумии кишти хоҷагӣ 7 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин масоҳат 6 гектар пахта ва 1 гектар барои кишти хӯроки чорво ҷудо гардидааст.
Кишоварзон то имрӯз ду маротиба чиниши пахтаро анҷом дода, аз майдони кишт 11 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки ба 61 фоизи нақша баробар мебошад. Нақшаи истеҳсоли пахта дар хоҷагӣ 18 тонна муайян гардидааст.
Раиси вилояти Хатлон бо хоҷагидор ва пахтакорон суҳбат намуда, оид ба самаранок истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил дастуру ҳидоятҳо доданд.
Таъкид гардид, ки ҳосили пахта бояд дар муҳлати муайяншуда ва бе талаф ҷамъоварӣ гардида, барои таъмини иҷрои нақшаи истеҳсолӣ тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода шаванд.
Раиси вилоят ба фаъолияти кишоварзон баҳои баланд дода, ҷиҳати идомаи корҳои саҳроӣ ва таъмини ҷамъоварии беталафи ҳосил масъулинро вазифадор намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

