ШАҲРИТУС: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ЭШМУРОДБОБО ВА ШИНОСОӢ АЗ ПАРВАРИШИ ЧОРМАҒЗИ ЗАМИНӢ

ШАҲРИТУС, 18 сентябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритус Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Эшмуродбобо», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Тоҷдорон шинос шуда, аз раванди парвариши зироати техникии чормағзи заминӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ боздид намуданд.

Хоҷагии деҳқонии «Эшмуродбобо» дар масоҳати умумии 15 гектар ташкил гардида, хоҷагидорон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва дар заминаи риояи талаботи агротехникӣ ба парвариши як қатор зироатҳои кишоварзӣ машғул мебошанд.

Тибқи маълумоти масъулини хоҷагӣ, дар соли ҷорӣ дар заминҳои хоҷагӣ 7 гектар пунбадона ва 5 гектар чормағзи заминӣ кишт карда шудааст. Ҳамзамон, дар майдони 2 гектар боғ бунёд гардида, 1 гектар замин барои парвариши юнучқа истифода мешавад.

Парвариши чормағзи заминӣ дар хоҷагӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кишоварзон ба ҳисоб рафта, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва ба гардиши пурраи кишоварзӣ ворид намудани қитъаҳои заминро таъмин менамояд. Ба роҳ мондани кишти зироатҳои гуногун инчунин барои баланд бардоштани ҳосилнокии замин ва таъмини маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат мекунад.

Дар раванди корҳои мавсимии кишоварзӣ, аз ҷумла корҳои вобаста ба кишт ва нигоҳубини зироатҳо, 16 нафар шаҳрвандони ноҳия бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд. Ин нишон медиҳад, ки фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ на танҳо ба рушди истеҳсолоти кишоварзӣ, балки ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шуғли аҳолии маҳаллӣ низ мусоидат менамояд.

Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ ба масъалаи истифодаи самараноки замин, нигоҳубини саривақтии зироатҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, интихоби дурусти зироатҳо ва истифодаи усулҳои муосири агротехникӣ аз омилҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

Раиси вилоят масъулини хоҷагиро ба истифодаи пурраи иқтидори замин, идомаи корҳои ободонӣ ва нигоҳубини босифати зироатҳои киштшуда ҳидоят намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles