НОСИРИ ХУСРАВ, 19 сентябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Носири Хусрав Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо рафти корҳои мумфаршкунии роҳи деҳаи Миргузари ҷамоати деҳоти Хуталон шинос шуданд.
Корҳои ободониву созандагӣ дар ин мавзеъ бо ташаббус ва дастгирии соҳибкорон ва сокинони деҳаи Миргузар амалӣ гардида, ҳадафи он беҳтар намудани ҳолати роҳ ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаракат барои сокинону нақлиёт мебошад.
Тибқи иттилои масъулин, дар доираи ин иқдом дар масофаи 4 километр роҳ корҳои мумфаршкунӣ анҷом дода шуда, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 1 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.
Иштироки соҳибкорон ва аҳолӣ дар татбиқи чунин ташаббусҳои созанда аз таваҷҷуҳи сокинон ба ободии маҳалли зист ва рушди инфрасохтори деҳот дарак медиҳад. Ҳамкории аҳолӣ ва соҳибкорон дар амалисозии корҳои ободонӣ имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои муҳими иҷтимоиву инфрасохторӣ дар маҳал сари вақт ҳаллу фасл гарданд.
Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо рафти корҳои мумфаршкунӣ бо сокинони деҳа суҳбат намуда, ташаббуси онҳоро дар самти ободонӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳалли зист намунаи ибрат ва нишонаи ҳисси баланди ватандӯстӣ арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ муҳим мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

