БОХТАР: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ ХУСУСИИ «ДОНОЯК»


Имрӯз, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Муассисаи томактабии хусусии «Донояк»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи томактабии “Донояк” барои 100 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Бинои мазкур дуошёна буда, масоҳати қитъаи замини он 800 метри квадратиро ташкил медиҳад.

Дар бино утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои хоб, майдонча барои бозии кӯдакон, 4 адад айвонча, ошхона ва утоқҳои санитарӣ ҷойгир буда, сохтмони он аз ҷониби соҳибкор Салимов Комил ба маблағи умумии 950 ҳазор сомонӣ бо сифати баланд ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба роҳ монда шудааст.

Таълиму тарбия дар ин муассиса бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, маблағи моҳонаи барои як нафар кӯдак 850 сомониро ташкил медиҳад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои фароҳамомада, дастур доданд, ки масъулон бояд дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми арзанда гузоранд, то дар оянда шогирдони онҳо барои пешрафти Тоҷикистон хизмат намоянд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles