Муаррифии муовинони навтаъини раиси вилояти Хатлон

Шоми имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муаррифии муовинони навтаъини раиси вилояти Хатлон сурат гирифт.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қарорҳо дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси вилоят озод шудани Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз ва аз мансаби муовини раиси вилоят озод гардидани Зоҳирзода Умед Тоирро қироат намуда, ба онҳо барои хизмати бомасъулиятонаашон изҳори сипос кард.
Абдуалим Исмоилзода аз 27 январи соли 2020 дар мансаби муовини якуми раиси вилоят, қабл аз он дар мақомҳои раиси шаҳри Бохтар, раиси ноҳияҳои Шаҳритус ва Кӯшониён фаъолият кардааст.
Умед Зоҳирзода аз 25 ноябри соли 2016 дар мансаби муовини раиси вилояти Хатлон кор карда, соҳаҳои кишоварзӣ ва идораи заминро сарпарастӣ менамуд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло Файзулло, собиқ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин гардид. Ӯ ҳамакнун сарпарастии соҳаи кишоварзиро ба дӯш хоҳад дошт.
Ҳамчунин имрӯз дар мувофиқа бо Президенти мамлакат Файзуллозода Заробиддин Қудрат, собиқ вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия таъин карда шуд.
Салимзода Амонулло Файзулло 30 майи соли 1967 дар ноҳияи Данғара дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1999 рисолаи номзадӣ ва соли 2007 рисолаи докториро дар мавзӯи «Асосҳои биотехнологии гирифтани тухмии босифати картошка дар Тоҷикистон» дифоъ намудааст. Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад.
Заробиддин Файзуллозода 13 феврали соли 1965 таваллуд ёфтааст. Соли 1989 Донишкадаи политехникии Тошкентро хатм кардааст. Ихтисосаш муҳандис – кӯҳкорӣ. Дар гузашта муовини раиси вилояти Суғд (2015-2017), сардори саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017-2019), вазири саноат ва технологияҳои нав (2019-2020) буд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба кадрҳои навтаъин дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон барору комёбӣ таманно намуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles