26 сентябр, дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Зимни қабул сокинон масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва хоҷагидории худро ба миён гузоштанд. Аз ҷумла, ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди муассисаи таълимӣ ва китобхонаи деҳотӣ, гирифтани замини наздиҳавлигӣ, таъмин намудани техника барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, бунёди майдончаи варзишӣ, дастрас намудани аробачаи маъюбӣ ва расонидани кӯмаки молиявӣ аз ҷумлаи муроҷиатҳои шаҳрвандон буданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба ҳар як муроҷиати шаҳрвандон бо диққат гӯш дода, ба масъулони дахлдор ҷиҳати омӯзиши ҳамаҷониба ва ҳалли масъалаҳои пешниҳодгардида дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки баррасии саривақтии муроҷиатҳои мардум ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои ҳалли мушкилоти онҳо бояд дар меҳвари фаъолияти сохторҳои дахлдор қарор дошта бошад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки мақсади чунин қабули шаҳрвандон расидан ба мушкилоти мардум аз наздик ва таъмин намудани ҳалли босамари онҳо дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдор мебошад.
Раиси вилоят ба масъулон дастур доданд, ки муроҷиатҳои мардумро саривақт ва бо масъулияти баланд баррасӣ намоянд ва ба рушди иқтисоди маҳаллӣ, вусъати корҳои азнавсозиву ободонӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Ҳамзамон, барои ҷамъоварии ҳосил ва кишти такрорӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар анҷом зикр гардид, ки ҳадафи асосии роҳбарияти вилоят беҳтарсозии шароити зиндагии мардум ва таъмини қаноатмандии сокинон аз фаъолияти мақомоти маҳаллӣ мебошад.
Пас аз қабули шаҳрвандон раиси вилояти Хатлон бо иштироки масъулони ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва сокинон мулоқот анҷом доданд. Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Муъминобод, дастовардҳои соҳаҳои гуногун ва мушкилоти мавҷуда баррасӣ гардида, ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, вусъат бахшидани корҳои созандагию ободонӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ тавсияҳои дахлдор дода шуд.
Ҳамзамон, ба таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва сокинон дар самти ободонии маҳал ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

