26 сентябр, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ, раванди корҳои созандагию ободонӣ ва иҷрои тадбирҳои иҷтимоӣ аз фаъолияти як қатор иншоот боздид намуданд. Сафари кории раиси вилоят аз ифтитоҳи бунгоҳи тиббии деҳоти Сардоб дар ҷамоати деҳоти Балхобӣ оғоз гардид.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бунгоҳи нави тиббӣ аз чор утоқи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин шудааст. Муассисаи мазкур барои беш аз 115 хоҷагии деҳоти Сардоб ва сокинони ниёзманд ба хизматрасонии тиббӣ имкони гирифтани ёрии аввалияи тиббию санитариро дар маҳалли зист фароҳам меорад.
Бунгоҳи тиббӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдиди инфрасохтори иҷтимоии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бунёд гардида, арзиши умумии он 1 миллиону 285 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба истифода додани чунин иншоот, бахусус дар деҳоти дурдаст, барои беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ аҳамияти муҳим дорад.
Раиси вилояти Хатлон зимни ифтитоҳ таъкид карданд, ки рушди инфрасохтори тиббӣ дар маҳалҳо, бахусус деҳоти дурдаст, бояд пайваста дар мадди назар қарор дошта бошад. Ҳамзамон, масъулон вазифадор гардиданд, ки муассисаи нав бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои сокинон хизматрасонии босифат ва саривақтии тиббӣ ба роҳ монда шавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

