26 сентябр, дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати шаҳраки Чорсӯ аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи томактабии «Симин» боздид намуда, бо ҷараёни бунёди иншоот шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки боғчаи мазкур бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори ватанӣ Каримов Маҳмаднодир барои фарогирии 200 кӯдак сохта шуда истодааст. Муассисаи нави томактабӣ дорои 8 синфхона, ҳуҷраҳои хоб, ошхона ва дигар утоқҳои ёрирасону корӣ буда, пас аз ба истифода додан барои беш аз 20 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад.
Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ ба рафти корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки корҳои бунёдӣ бо риояи талаботи сифат ва дар муҳлатҳои муайянгардида ба анҷом расонида шаванд.
Бунёди муассисаи нав барои зиёд намудани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбия ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

