МУЪМИНОБОД, 26 сентябр. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Чорсӯ хатти нави оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.
Зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ бунёд гардида, об тавассути чоҳи амудӣ аз чуқурии 154 метр бароварда мешавад. Барои расонидани об ба истеъмолкунандагон хати оби нӯшокӣ ба масофаи 2345 метр кашида шуда, дар натиҷа беш аз 150 хоҷагӣ имкони истифодаи оби тозаи нӯшокиро пайдо намуданд.
Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ шуда, арзиши умумии корҳои анҷомдодашуда 2 миллиону 183 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Мавриди истифода қарор гирифтани хати нави оби нӯшокӣ барои сокинони кӯчаи Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаҳои атроф муҳим буда, дастрасии аҳолиро ба оби тоза беҳтар менамояд. Иншооти мазкур дар баробари ҳалли як масъалаи муҳими иҷтимоӣ, барои беҳтар гардидани шароити маишии сокинон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ дар маҳалла мусоидат хоҳад кард.
Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ таъкид намуданд, ки масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокии тоза бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи масъулон қарор дошта бошад. Ба масъулони дахлдор ҷиҳати нигоҳдории дурусти иншоот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои беҳтар намудани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо об дастур дода шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

