ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВАРЗИШӢ
29 декабр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум таҳти раёсати Давлаталӣ Саид – раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилоят, баргузор гардид.
Зимни суханрониашон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид пешниҳод карданд, ки бо мақсади бозҳам ҳасамандгардонии ҷавонону варзишгарони вилоят “Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” таъсис дода шавад.
Бояд зикр намуд, ки тайи солҳои охир дастовардҳои ҷавонон ва варзигарони вилоят дар мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ назаррас мебошад.
Давоми 11 моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 54 адад маҷмааю варзишгоҳҳо ва толору майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки барои наврасону ҷавонон шароити муносиби машқу тамрини бадан фароҳам гардид.
Дар ин давра варзишгарони вилоят аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 699 медали тилло, 675 медали нуқра ва 872 медали биринҷӣ, дар маҷмуъ 2246 медал ба даст оварданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 262 медал зиёд мебошад (220 медал аз мусобиқаҳои байналмилалӣ).
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

