ҶАЙҲУН: РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ВА КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ШИНОС ШУДАНД

6 ноябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ ва омодасозии як қатор иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ шинос гардиданд.

Нахуст, раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонии литсей барои хонандагони болаёқат, ки барои 640 хонанда пешбинӣ гардидааст, боздид намуда, бо ҷараёни корҳои анҷомдодашуда ва раванди бунёди иншооти мазкур шинос шуданд.

Ҳамзамон, бо рафти омодасозии бинои бахши фарҳанги ноҳия, ки баъди таъмиру азнавсозии пурра мавриди истифода қарор дода мешавад, шинос гардида, инчунин аз бинои осорхонаи ноҳия боздид намуданд.

Таъкид гардид, ки бунёду навсозии чунин иншооти иҷтимоӣ дар беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва рушди соҳаи фарҳангу маориф нақши муҳим мегузорад.

Дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон дар Минтақаи озоди иқтисодии Панҷ бо рафти корҳои сохтмонии якчанд корхонаи саноатӣ шинос шуданд.

Зимни боздид маълумот дода шуд, ки дар ин минтақа сохтмони корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Пахтаи шарқ» бо фарогирии 80 ҷойи корӣ, корхонаи ресандагӣ барои 120 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикании ҶДММ «Умеди сабз» барои 80 ҷойи корӣ ва корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Буроқ 2» барои 20 ҷойи корӣ идома дорад.

Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида анҷом додани корҳои сохтмонӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Бояд гуфт, ки бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар самти рушди иқтидори истеҳсолии минтақа, коркарди ашёи хоми ватанӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles