АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ҲОМИЁНИ ҚОНУНУ ТАРТИБОТ

Имрӯз, 9 ноябр, дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбарон, кормандон ва собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ кормандону собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро бо ҷашни касбиашон табрик намуда, хизмати онҳоро дар ҳифзи қонуният, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон арзанда арзёбӣ кард.

Таъкид гардид, ки оромии ҳар маҳалла, амнияти хонаводаҳо ва эътимоди шаҳрвандон ба ҳимояи қонун ба заҳмати пайвастаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ вобаста аст. Ҳайати шахсии милитсия дар рӯзҳои ҷашну истироҳат, ҷамъомадҳои оммавӣ ва навбатдориҳои шабонарӯзӣ масъулияти таъмини тартиботро ба дӯш гирифта, барои осудагии мардум хизмат мекунад.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо ёдоварӣ аз таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар ҳифзи соҳибистиқлолӣ, барқарории сулҳ ва таҳкими давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ кормандони содиқ ба савганди касбӣ ҳамроҳ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои ҳимояи аҳолӣ, муқовимат ба ҷинояткорӣ ва барқарор намудани қонуният талош варзидаанд.

Раиси вилоят хотираи кормандони мақомоти корҳои дохилиро, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва давраҳои баъдӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷони худро аз даст додаанд, гиромӣ дошта, ғамхорӣ нисбат ба пайвандони онҳо ва зинда нигоҳ доштани корномаи ҳомиёни қонуниятро вазифаи маънавии ҷомеа донист.

Дар идомаи суханронӣ натиҷаҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Тавре раиси вилоят иттилоъ дод, дар ин давра шумораи ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда дар Хатлон қариб 9 фоиз коҳиш ёфтааст. Ҷиноятҳои вазнин 51 ҳолат, ҷиноятҳои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ содиршуда 11 ҳолат ва ҷиноятҳои аз ҷониби шахсони қаблан судшуда содиргардида 106 ҳолат кам шудаанд.

Таъкид гардид, ки дар баробари заҳмати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамкории сокинон, фаъолони маҳалла ва ниҳодҳои ҷомеа низ дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ аҳаммияти муҳим дорад.

– Эътимоди мардум барои мақомоти милитсия сармояи бузурги маънавӣ мебошад, – иброз дошт Давлаталӣ Саид. – Ин эътимод бо риояи қонун, поквиҷдонӣ, беғаразӣ ва муносибати боэҳтиром ба шаҳрванд устувор мегардад.

Раиси вилоят ба баррасии саривақтию одилонаи муроҷиатҳо, эҳтироми шаъну шарафи инсон, риояи одоби муошират ва таҳкими интизоми хизматӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Зикр шуд, ки ҳар шаҳрванд ҳангоми муроҷиат ба мақомоти корҳои дохилӣ бояд итминон дошта бошад, ки суханаш шунида мешавад ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ӯ ҳимоя меёбанд.

Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни наврасону ҷавонон аз самтҳои муҳими ҳамкории милитсия, оила, муассисаҳои таълимӣ ва маҳалла арзёбӣ гардид. Ҳамчунин, зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, муқовимат ба терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҳимояи шаҳрвандон аз қаллобӣ дар фазои рақамӣ ва такмили пайвастаи малакаи касбии кормандон таъкид шуд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз тадбирҳои беҳтар намудани шароити хизмат ёдовар шуда, зикр намуд, ки дар ду соли охир як қатор биноҳои мақомоти корҳои дохилӣ таъмиру таҷдид гардида, барои қисми минтақавии Кӯлоб ва шуъбаи милитсияи деҳоти Арал дар ноҳияи Восеъ биноҳои нави хизматӣ ба истифода дода шудаанд.

Дар ҳамоиш саҳми собиқадорон дар тарбияи кадрҳои ҷавон ва таҳкими анъанаҳои касбӣ низ қадрдонӣ гардид.

Раиси вилоят иқдоми роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлонро ҷиҳати ба кормандони ҷавон вобаста намудани устодон аз ҳисоби собиқадорон дастгирӣ карда, онро барои интиқоли таҷриба ва устувор намудани пайванди наслҳо судманд донист.

Дар идомаи маросим раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба як қатор фаъолон ва собиқадорони соҳа Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим намуд.

Ҳамоиши тантанавӣ бо барномаи рангини фарҳангии аҳли ҳунар анҷом ёфт.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles