МУЖДА: НОҲИЯИ ДӮСТӢ НИЗ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД

Имрӯз, 9 ноябр кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ аз иҷрои пурраи дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта мужда дода, дар қатори ноҳияҳои пешсафи пахтакори вилояти Хатлон қарор гирифтанд.

Дар ин рӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор иштирок намуда, ба кишоварзоне, ки дар иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта саҳми назаррас гузоштаанд, туҳфаҳо тақдим карданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, пахтакорони ноҳия то имрӯз беш аз 18 ҳазору 500 тонна пахтаро ҷамъоварӣ намуда, ба корхонаҳои коркард супурдаанд, ки ин нишондод ба 100 фоизи дурнамои пешбинишуда баробар мебошад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо масъулони соҳа ва кишоварзон, ки дар Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Ҷунтай Хатлон Син Силу» баргузор гардид, барои меҳнати содиқона, саҳми арзанда дар ҷамъоварии ҳосили пахта ва таъмини саривақтии корхонаҳои коркард бо ашёи хом изҳори сипос намуданд.

Қобили зикр аст, ки дурнамои истеҳсоли пахта дар 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон дар соли ҷорӣ 266 ҳазору 200 тоннаро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 9 ноябр дар вилоят 177 ҳазору 263 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ба беш аз 66 фоизи дурнамои солона баробар мебошад.

Бо иҷрои пурраи дурнамои ҷамъоварии пахта ноҳияи Дӯстӣ дар баробари шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант ва Данғара аз ҷумлаи шаҳру ноҳияҳои аввалини вилоят гардид, ки уҳдадориҳои пешбинишудаи мавсимиро пурра иҷро намуданд.

Ин дастоварди кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва саҳмгузории аҳлонаи роҳбарону мутахассисони соҳа ва хоҷагиҳои пахтакор мебошад.

Иҷрои пурраи дурнамои ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Дӯстӣ барои дигар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят низ намунаи ибрат буда, дар роҳи таъмини фаровонии ашёи хом барои саноати ватанӣ ва рушди иқтисодиёти минтақа аҳаммияти муҳим дорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles