ЭЪЛОН: БА ДИҚҚАТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум рӯзи 12 марти соли 2025, соати 09:00 дар шаҳри Бохтар бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад:

1. Ахбороти Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум.

2. Дар бораи тасдиқ намудани Дастури Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум.

3. Дар бораи ташкил намудани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум.

4. Дар бораи тасдиқ намудани ҳайат ва Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум.

5. Дар бораи пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Дар бораи пешниҳоди намояндагони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барои иштирок дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо оид ба интихоботи аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

7. Масъалаҳои ҷорӣ.

Шуъбаи ташкилии дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон

Related Articles