ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020”

ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

“Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

даъвати тирамоҳии соли 2020”

Бо мақсади ҷоннок намудани чорабиниҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва мудофиавӣ, таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даъватшавандаҳо бо мутахассисони касбӣ мутобиқи моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 25–и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», моддаҳои 10 ва 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  уҳдадории  умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»  қ а р о р   м е к у н а м:

  1. Нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон дар даъвати тирамоҳии соли 2020 тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
  2. Комиссариатҳои ҳарбии ҳудуди вилоят, Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон дар асоси нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёр намудани мутахассисон дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо барои омода кардани гурӯҳи таълимӣ дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон чораҷӯӣ намоянд.
  3. Раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбӣ илова ба нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва пурра намудани даъватшавандагонро дар курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон на камтар аз 30%-и нақшаи даъвати тирамоҳии соли 2020-ро дар асоси ҷадвали тақсимот амалӣ намуда, маблағгузории онро аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ таъмин намоянд (замимаи №2).
  4. Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, интихоб ва пурра намудани даъватшавандагон дар курсҳои кутоҳмуддати ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ, кафшергарӣ ва дигар ихтисосҳои барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон заруратдоштаро дар сохторҳои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хаҷми на камтар аз 5%-и нақшаи даъвати тирамоҳии соли 2020-ро аз рӯи ҷадвали тақсимот амалӣ намуда, маблағгузории онҳоро аз ҳисоби Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ таъмин намоянд(замимаи №3).
  5. Комиссариати ҳарбии вилоят, Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи Хатлон ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ барои беҳтар намудани сифати интихоб ва тайёр кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимӣ Кумитаи вилоятии  Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  6. Роҳбарони корхона ва ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ба Кумитаи вилояти Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят барои сафарбар намудани даъватшавандагони интихобшуда барои таҳсил, ки бо онҳо муносибати меҳнатӣ доранд, мусоидат намоянд.
  7. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Комиссариати ҳарбии вилоят, Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мадагори мудофиаи Хатлон ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят дар якҷоягӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор доир ба гирифтани ихтисос аз тарафи даъватшавандаҳо ва беҳтар намудани сифати интихоби даъватшавандаҳо ба таълимгоҳҳои зикршуда корҳои ташвиқотиро вусъат диҳанд.
  8. Идораи телевизон ва радиои вилоят, нашрияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятии «Хатлон», «Новый Хатлон», «Дӯстлик», маҷалаҳои «Сафо» ва «Меҳровар» доир ба кушодани курсҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилояти Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят оид ба тайёр намудани мутахассис барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳо ва мақолаҳо нашр намоянд.
  9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини соҳавии раиси вилоят вогузор карда шавад.

Раиси вилояти Хатлон
Қурбон Ҳакимзода
11 июни соли 2020,
№163

Related Articles