Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2020-и шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ”

Қарори раиси вилояти Хатлон

“Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2020-и шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати  ҳарбӣ”

Мутобиқи талаботи моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 25–и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Низомномаи мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбӣ бо мақсади омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2020-и шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002  ба хизмати харбӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон  қ а р о р  м е к у н а м:

  1. Нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2020-и шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993 — 2002 ба хизмати ҳарбӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру  ноҳияҳо,  комиссариати ҳарбии вилоят омӯзиши шаҳрвандони  синну соли даъватиро дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро, ки бояд дар давраи даъвати тирамоҳии соли 2020 ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд, муайян намоянд.
  3. Раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳо, роҳбарони ташкилотҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ новобаста аз шакли моликият мутобиқи талаботи моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  уҳдадории  умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» уҳдадоранд:

— рӯйхати шаҳрвандони синну соли даъватиро  ба комиссариати ҳарбии шаҳр (ноҳия)  пешниҳод намоянд.

-дар асоси даъватномаи комиссариати ҳарбӣ шаҳрвандони синну соли даъватиро хабардор намоянд ва барои дар вақти муайяншуда ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудану аз муоинаи пешакии тиббӣ гузаштани онҳо  чораҳо андешанд.

-муроҷиати шаҳрвандони  синну соли даъватӣ оиди аз қайди ҷои истиқомат баромадан, мондан, гирифтани  маълумотномаҳо ва маълумоти оиладорӣ дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи комиссариати ҳарбӣ оиди дар қайди ибтидоии ҳарбӣ будан мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

  1. Сардори раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои анҷомдиҳии муоинаи назоратии тиббӣ таҷҳизотҳои тиббӣ ва табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намуда, беҳдошти табобат ва солимгардонии синну соли даъватиро таъмин намояд.
  2. Шуъбаи раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят муроҷиати шаҳрвандони синну соли даъватиро оид ба иваз намудани насаб ном ва номи падарӣ, аз қайди никоҳ гузаронидан ва ба расмият даровардани дигар ҳуҷҷатҳо дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи комиссариати ҳарбӣ оиди ба қайди ибтидоии ҳарбӣ будан мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
  3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ба шаҳрвандони синну соли даъватӣ додани шиносномаи хориҷиро дар сурати мавҷуд будани хуҷҷати тасдиқкунандаи комиссариати ҳарбӣ оиди дар қайди ибтидоии ҳарбӣ будан, амалӣ намояд.
  4. Раисони шаҳру ноҳияҳо тибқи нақшаи пешакии тасдиқшуда «Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2020-и шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ» то санаи 1 октябри соли 2020 аз ҳисоби даъватшавандагоне, ки бояд дар давраи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд ба муоинаи пешакии тиббӣ пешниҳод намуда, барои дар санаи муайяншуда сафарбар намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
  5. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ, раёсатҳои маориф ва фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радиои вилоят, комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, дигар ташкилоту идора ва сохторҳои мақомотҳои дахлдор хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа тарғибу ташвиқ намуда дар васоити ахбори умум инъикос намоянд.
  6. Раисони шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо комиссариатҳо, Ташкилоти мададгори мудофиа ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят оиди ташкил намудани курсҳои кӯтоҳмуддати ошпаз, ронандагӣ, тракторчӣ, сартарош, кафшергарӣ ва дигар ихтисосҳои зарурат дошта бо маблағгузори аз ҳисоби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ намуда, барои сафарбар намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020 ва даъватҳои оянда чораҳои дахлнопазир андешанд.
  7. Раисони шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо комиссариатҳои ҳарбӣ оид ба иҷрои қарори мазкур санаи 25-уми ҳар моҳ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ахборот пешниҳод намоянд.
  8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини соҳавии раиси вилоят гузошта шавад.

Раиси вилояти Хатлон
Қурбон Ҳакимзода
11 июни соли 2020,
№165

Related Articles