ХОВАЛИНГ, 23 октябр. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишии болопӯшида барои футболи хурд дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 иштирок намуданд.
Иншооти варзишӣ бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанов сохта шуда, арзиши он 980 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бунёди майдонча барои фароҳам овардани имконияти бештар ҷиҳати машғул шудан ба варзиш ва ташкили машғулиятҳои ҷисмонӣ равона гардидааст. Дар раванди сохтмони иншооти мазкур 17 сокини маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин буданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо шароити иншоот ба зарурати рушди инфрасохтори варзишӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои машғул шудани сокинон ба намудҳои гуногуни варзиш таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки дастрасӣ ба майдончаҳои муҷаҳҳази варзишӣ барои ташаккули одатҳои солим ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон нақши муҳим дорад.
Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур имкониятҳои варзишии маҳалро васеъ намуда, барои баргузории машғулиятҳои мунтазам ва рушди маҳорати иштирокчиён шароити муносиб фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

