ХОВАЛИНГ, 24 октябр. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Питовду бунгоҳи тиббии навбунёдро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои бунгоҳи тиббӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 750 ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст. Иншоот аз чор ҳуҷра, ҳоҷатхона ва ҳаммом иборат буда, барои беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ дар маҳал пешбинӣ шудааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳ таъкид намуданд, ки дастрасии саривақтӣ ба ёрии аввалияи тиббӣ, бахусус барои сокинони деҳот, яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ мебошад. Ба андешаи раиси вилоят, бунёди чунин иншоот дар баробари беҳтар намудани шароити кории кормандони тиб, ба баланд шудани сатҳи хизматрасонӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ низ мусоидат мекунад.
Бунгоҳи нав барои расонидани хизматрасониҳои аввалияи тиббӣ дар маҳал имконият фароҳам оварда, аҳамияти дастгирии соҳибкорони маҳаллиро дар рушди инфрасохтори иҷтимоӣ нишон медиҳад. Самаранок истифода бурдани имкониятҳои иншоот ва таъмини он бо мутахассисони зарурӣ барои расонидани хизматрасонии босифат муҳим мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

