ХОВАЛИНГ, 24 октябр. Дар идомаи сафари кории раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Сов ду майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Майдончаҳои нав дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардида, барои машқу тамрини сокинон, рушди варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим шароити мусоид фароҳам меоранд. Ба истифода додани иншооти мазкур имконият медиҳад, ки наврасону ҷавонон вақти холии худро самаранок истифода бурда, ба машғулиятҳои варзишӣ ва бозиҳои дастаҷамъона бештар ҷалб шаванд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо майдончаҳои варзишӣ бо наврасону ҷавононе, ки дар ин ҷо машқу тамрин ва бозӣ мекарданд, суҳбат намуда, ба масъалаҳои рушди варзиш, аҳамияти таҳсил ва интихоби роҳи дурусти зиндагӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки варзиш дар баробари таҳсил яке аз омилҳои муҳими ташаккули шахсияти солиму фаъол буда, барои тарбияи ирода, эҳсоси масъулият, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва омодагӣ ба зиндагии мустақилона мусоидат мекунад. Наврасону ҷавонон бояд аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода бурда, ҳамзамон ба донишомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар ва омодагӣ ба зиндагии мустақилона аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки варзишгарони ҷавон метавонанд бо машқу тамрини мунтазам маҳорати худро такмил дода, дар мусобиқаҳои гуногун иштирок намоянд ва дар оянда шарафи деҳа, ноҳия ва кишварро ҳимоя кунанд. Дар баробари ин, донишандӯзӣ ва аз худ кардани илму технологияҳои муосир барои расидан ба ҳадафҳои зиндагӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа заминаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар деҳоти дурдаст, аз ҷумла дар минтақаҳои баландкӯҳ, барои фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати машғул шудан ба варзиш аҳамияти хос дорад. Чунин иншоот на танҳо барои рушди қобилиятҳои ҷисмонии наврасону ҷавонон, балки барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, пешгирии одатҳои номатлуб ва ташаккули рӯҳияи ҳамбастагӣ миёни сокинон мусоидат мекунанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

