ХОВАЛИНГ, 24 октябр. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаҳои Панҷариён ва Зилолаки ҷамоати деҳоти Шугнов хатҳои оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.
Хати нави оби нӯшокӣ дар деҳаи Панҷариён барои 30 хоҷагӣ пешбинӣ гардида, дар маҷмӯъ 300 нафар сокини деҳаро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамояд. Амалӣ гардидани ин иқдом дар беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба яке аз муҳимтарин захираҳои ҳаётан зарурӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин, дар деҳаи Зилолак барои 50 хоҷагӣ хати оби нӯшокӣ кашида шуда, барои беҳтар намудани таъминоти сокинон бо оби тоза шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ яке аз самтҳои муҳими рушди инфрасохтори маҳаллӣ ба шумор рафта, дар ҳифзи саломатии сокинон ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии онҳо нақши муҳим мегузорад.
Мавриди истифода қарор гирифтани хатҳои нави оби нӯшокӣ дар деҳаҳои Панҷариён ва Зилолак идомаи корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Ховалинг буда, барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори деҳот заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

