ХОВАЛИНГ: МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ ЗЕЛОЛАК ИФТИТОҲ ГАРДИД

ХОВАЛИНГ, 24 октябр. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маркази саломатии деҳаи Зелолакро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои маркази саломатӣ бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Маҳмад Файзов сохта шуда, арзиши он 1 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Иншоот аз шаш ҳуҷра ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат буда, барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати расонидани хизматрасониҳои тиббӣ пешбинӣ шудааст.

Раиси вилояти Хатлон зимни ифтитоҳ ба аҳамияти дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар маҳалҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зикр карданд, ки ҳифзи саломатии мардум ва беҳтар намудани шароити муассисаҳои тиббӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти босамари марказҳои саломатӣ ба пешгирии бемориҳо ва сари вақт расонидани ёрии аввалияи тиббӣ мусоидат мекунад.

Мавриди истифода қарор гирифтани маркази саломатӣ барои сокинони деҳаи Зелолак имконияти беҳтари дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббиро фароҳам оварда, метавонад зарурати муроҷиати онҳоро ба муассисаҳои дурдаст барои гирифтани баъзе хизматрасониҳои аввалия коҳиш диҳад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles