ХОВАЛИНГ, 24 октябр. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Сов бунгоҳи тиббии дуошёнаро, ки бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави тандурустӣ бо шароити зарурӣ барои ташхису табобат муҷаҳҳаз гардида, ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳа пешбинӣ шудааст. Ба истифода додани бунгоҳи тиббӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ва баланд бардоштани дастрасии сокинон ба хизматрасониҳои соҳаи тандурустӣ аҳамияти муҳим дорад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва масъулони соҳа зимни шиносоӣ бо имкониятҳои муассисаи нав ба вазъи хизматрасонӣ ва шароити фароҳамгардида таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои иншоот, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва таъмини саривақтии сокинон бо ёрии тиббӣ тавсияҳои судманд дода шуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

