ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ БА МАСОФАИ 5 КИЛОМЕТР ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ХОВАЛИНГ, 24 октябр. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг як қатор роҳҳои маҳаллиро, ки бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ мумфарш гардидаанд, мавриди истифода қарор доданд.

Аз ҷумла, роҳи дохилии деҳаи Панҷариён ба масофаи 2,5 километр мумфарш гардида, бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Одина Каримов ва бо харҷи 827 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар деҳаи Зилолак низ роҳи маҳаллӣ ба масофаи тақрибан 2,5 километр мумфарш гардида, ба истифода дода шуд. Роҳи мазкур барои беҳтар намудани робитаи нақлиётии деҳаҳои атроф бо маркази ҷамоат ва ноҳия аҳамияти муҳим дорад.

Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо роҳҳои нав таъкид намуданд, ки бунёду таҷдиди инфрасохтори роҳҳо дар маҳалҳо барои беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон, осон шудани рафтуомад, дастрасии саривақтӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва рушди фаъолияти хоҷагидорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Зикр гардид, ки саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар корҳои ободониву созандагӣ шоистаи дастгирӣ буда, чунин иқдомҳо дар баробари беҳтар намудани шароити инфрасохторӣ ба рушди деҳот ва ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи аҳолӣ мусоидат мекунанд.

Мавриди истифода қарор гирифтани роҳҳои мумфарш дар деҳаҳои ноҳияи Ховалинг қадами муҳим дар самти ободонии маҳалҳо ва беҳтар намудани шароити ҳаракати сокинон ба шумор рафта, идомаи чунин ташаббусҳо барои рушди минбаъдаи инфрасохтори деҳот аҳамияти калон дорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles