ХОВАЛИНГ, 23 октябр. Дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ховалинг бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ва хобгоҳ барои ятимон мавриди истифода қарор доданд.
Бинои муассисаи таълимӣ бо маблағгузории шарикони рушд сохта шуда, барои он 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Ҳамзамон, барои бунёди хобгоҳ 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Ҳамин тариқ, маблағи умумии сохтмони ин ду иншоот 4,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Бинои муассисаи таълимии мазкур аз 12 синфхонаи таълимӣ ва 2 утоқи корӣ иборат буда, баъди ба истифода додани бино барои 576 хонанда дар ду баст шароити мусоиди таҳсил ва дар хобгоҳ барои 104 нафар ятим шароити буду бош фароҳам оварда мешавад.
Раиси вилояти Хатлон зимни ифтитоҳ иброз доштанд, ки рушди соҳаи маориф танҳо бо фароҳам овардани шароити таълим маҳдуд намешавад, балки масъалаи дастгирии кӯдакону наврасони ниёзманд ва муҳайё намудани шароити муносиб барои зиндагиву таҳсили онҳо низ аҳамияти махсус дорад.
Бунёди бинои иловагӣ ба беҳтар шудани шароити таълим мусоидат карда, хобгоҳи нав барои фароҳам овардани муҳити муносиб ба тарбиягирандагон пешбинӣ шудааст. Истифодаи мақсадноки иншоот ва нигоҳубини дурусти он метавонад ба беҳтар гардидани шароити таҳсилу зиндагии кӯдакону наврасон мусоидат намояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

