ХОВАЛИНГ, 24 октябр. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Панҷариён бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои иловагии муассисаи таълимӣ бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Одина Каримов сохта шуда, арзиши умумии он 2 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Иншооти дуошёна аз ҳашт синфхонаи таълимӣ ва як утоқи корӣ иборат буда, барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 384 хонанда пешбинӣ шудааст.
Ба истифода додани бинои нав имкон фароҳам меорад, ки шароити таълиму тарбия беҳтар гардида, барои хонандагон муҳити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шавад. Бунёди чунин иншооти иҷтимоӣ, бахусус дар деҳот, дар самти фароҳам овардани шароити муосири таълим ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои соҳаи маориф аҳамияти муҳим дорад.
Зимни ифтитоҳи иншоот раиси вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ аз самтҳои муҳими беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба шумор рафта, бояд ба талаботу эҳтиёҷоти воқеии сокинон ҷавобгӯ бошад.
Илова бар ин, дар паҳлуи муассисаи таълимӣ бунёди хонаи омӯзгорон дар назар дошта шудааст. Татбиқи ин нақша метавонад дар беҳтар намудани шароити зисти омӯзгорон, ҷалби мутахассисони соҳа ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои фаъолияти самараноки онҳо дар деҳот саҳми назаррас гузорад.
Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави иҷтимоӣ дар деҳаи Панҷарён идомаи корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Ховалинг буда, барои беҳтар гардидани шароити таҳсили хонандагон, дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва рушди минбаъдаи маҳал заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

