ХОВАЛИНГ, 23 октябр. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг бо рафти корҳои ободониву созандагӣ шинос шуда, дар деҳаи Ҷомбахти ноҳия роҳи дохилии мумфаршшударо мавриди истифода қарор доданд.
Роҳи мазкур бо саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, дарозии он 3 километрро ташкил медиҳад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст. Беҳтар гардидани ҳолати роҳ барои рафтуомади сокинон, ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва дастрасии мардум ба иншооти иҷтимоӣ аҳамияти муҳим дорад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо мардум зикр намуданд, ки ободонии маҳалҳо ва беҳтар намудани инфрасохтори роҳу нақлиёт аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Ҳамчунин, саҳми сокинону соҳибкорон дар татбиқи чунин иқдомҳо метавонад ба суръат гирифтани корҳои созандагӣ ва ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи маҳал мусоидат намояд.
Зимни ифтитоҳ раиси вилояти Хатлон бо сокинон ва пирони рӯзгордидаи деҳа низ суҳбат намуда, ба масъалаҳои беҳтар намудани шароити зиндагӣ, ободонии маҳал ва иштироки аҳолӣ дар корҳои созандагӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Сокинон аз мумфарш гардидани роҳи дохилии деҳа изҳори хушнудӣ намуда, зикр карданд, ки беҳтар шудани ҳолати роҳ барои рафтуомади ҳаррӯза, интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ва робитаи сокинон бо дигар маҳалҳо аҳамияти калон дорад.
Мумфарш гардидани роҳ на танҳо шароити ҳаракатро беҳтар мекунад, балки барои рушди фаъолияти иқтисодии сокинон ва робитаи осонтари онҳо бо дигар маҳалҳо низ имконият фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

