ХОВАЛИНГ: БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДЕҲАИ ЧЕПИ ВОЛ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ХОВАЛИНГ, 23 октябр. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Чепи Воли ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дар маросими ифтитоҳи бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 иштирок намуданд.

Бинои муассисаи таълимӣ бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанов сохта шуда, арзиши умумии он 2 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Иншоот аз ду ошёна, 8 синфхонаи таълимӣ ва 2 утоқи корӣ иборат буда, барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани беш аз 380 хонанда пешбинӣ шудааст.

Сохтмони иншоот моҳи майи соли 2026 оғоз гардида, то имрӯз корҳо 100 фоиз иҷро гардиданд. Дар рафти сохтмон 20 нафар шаҳрвандон ба корҳои сохтмонӣ ҷалб шуда, бо маоши хуб таъмин гардиданд.

Раиси вилояти Хатлон зимни ифтитоҳ зикр намуданд, ки фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсили насли наврас аз масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоии ноҳия ба шумор меравад. Ба таъкиди ӯ, иштироки соҳибкорон дар бунёди иншооти таълимӣ намунаи хуби ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ буда, барои ҳалли масъалаҳои мавҷудаи соҳаи маориф мусоидат мекунад.

Ҳамзамон, раиси вилояти Хатлон бо сокинон ва пирони рӯзгордидаи деҳа суҳбати самимӣ анҷом дода, оид ба вазъи зиндагии мардум, масъалаҳои мавҷуда ва рафти корҳои ободониву созандагӣ андешаронӣ намуданд. Пирони рӯзгордида аз таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили насли наврас изҳори қаноатмандӣ карда, чунин иқдомҳоро барои ояндаи дурахшони фарзандон муҳим арзёбӣ намуданд.

Бинои нав имконият медиҳад, ки хонандагон дар шароити беҳтар дониш андӯхта, омӯзгорон фаъолияти таълимии худро дар муҳити муносиб ба роҳ монанд. Сохтмони чунин иншоот инчунин барои васеъ гардидани имкониятҳои муассиса ва фароҳам овардани шароити мусоид барои насли наврас аҳамияти муҳим дорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles