ХОВАЛИНГ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №13

ХОВАЛИНГ, 23 октябр. Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ховалинг рафта, як қатор иншооти муҳими иҷтимоиро ифтитоҳ карданд.

Нахуст, раиси вилояти Хатлон дар деҳаи Хонақоҳи Поёни ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ дар маросими ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 иштирок намуданд.

Бинои мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тавассути Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон сохта шуда, арзиши умумии он 7 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Иншооти нави таълимӣ аз ду ошёна, 10 синфхонаи таълимӣ ва 2 утоқи корӣ иборат буда, барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 480 хонанда пешбинӣ шудааст.

Дар ҷараёни сохтмон 26 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои сохтмонӣ ҷалб шуда, бо кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2025 оғоз гардида, то имрӯз корҳои сохтмонӣ 100 фоиз ба иҷро расонида шудааст. Дар баробари ин муассиса бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи бинои нави таълимӣ иброз доштанд, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас аз вазифаҳои муҳими сохторҳои масъул мебошад.

Ба гуфтаи раиси вилоят, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва бо шароити зарурӣ таъмин намудани онҳо барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди қобилияти хонандагон ва омода намудани мутахассисони оянда заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти иҷтимоӣ дар маҳалҳо барои беҳтар гардидани шароити таҳсил, фароҳам овардани муҳити муносиб барои омӯзгорону хонандагон ва коҳиш додани мушкилоти вобаста ба норасоии ҷойи нишаст мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles