ДАР ВОСЕЪ МУМФАРШКУНИИ 15 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ БО ТАШАББУСИ СОКИНОНУ СОҲИБКОРОН ҶАРАЁН ДОРАД

ВОСЕЪ, 23 октябр. Бо ташаббуси сокинону соҳибкорони маҳаллӣ ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Кадучии ҷамоати деҳоти Бобошоҳиён 8 километр роҳи аҳамияти маҳаллӣ мумфарш карда шуд. Ҳамзамон, дар қитъаи дигари роҳ ба масофаи 7 километр корҳои мумфаршкунӣ идома дошта, дар маҷмуъ дарозии роҳҳои навсозишаванда ба 15 километр мерасад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ бо рафти корҳои роҳсозӣ шинос шуда, бо сокинон ва ташаббускорони ин иқдоми созанда суҳбат намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мумфарш намудани роҳ бо маблағгузории соҳибкорон ва аҳолии деҳа амалӣ гардида, ҳадафи он беҳтар намудани шароити рафтуомади сокинон, осон кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва баланд бардоштани сатҳи ободонии деҳа мебошад.

Раиси вилояти Хатлон саҳми соҳибкорону сокинонро дар татбиқи чунин ташаббусҳои созанда муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳамбастагӣ ва истифодаи имкониятҳои маҳаллӣ дар рушди инфрасохтори деҳот ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ нақши назаррас дорад. Ҳамзамон, зарур аст, ки корҳои роҳсозӣ бо риояи талаботи техникӣ ва таваҷҷуҳ ба сифату устувории роҳҳо анҷом дода шаванд.

Мавриди зикр аст, ки бунёду навсозии роҳҳои маҳаллӣ яке аз самтҳои муҳими корҳои ободониву созандагӣ ба ҳисоб рафта, барои беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба марказҳои хизматрасонӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодию иҷтимоии маҳалҳо мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles