ДАНҒАРА, 23 октябр. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ аз наздик шинос гардиданд.
Зимни боздид зикр карда шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими таъиноти гуногун бо суръати баланд идома дошта, барои сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода супоридани онҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Масъулин таъкид намуданд, ки иншооти бунёдшаванда ба беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат менамоянд.
Зимни боздид аз ҳамаи иншоот Раиси вилоят Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо риояи пурраи меъёрҳои шаҳрсозӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонида шаванд. Ҳамзамон масъулин вазифадор гардиданд, ки барои дар сатҳи баланд омода намудани иншоот ба мавриди истифода тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

