ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН

Муҳтарам варзишгарон!
Ҳамдиёрони арҷманд!

Мувофиқи анъана, ҳар сол 10 август дар кишвари мо Рӯзи варзишгарон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Имсол ин иди касбии варзишгарон дар фазои пур аз дастоварду ифтихор ва дар остонаи таҷлили бузургтарин ҷашни миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат, ин санаи фархундаро ба кулли варзишгарон, собиқадорон, мураббиён ва кормандони соҳаи варзиш табрику таҳният гуфта, барояшон саодати рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ, муваффақият ва дастовардҳои бузурги варзиширо таманно дорам.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Варзиш омили саломатӣ, қудрат, зебоӣ ва воситаи муҳими муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад».
Мо эҳсос менамоем, ки имрӯз варзиш барои инсоният ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстӣ, бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқияту миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди тарафайн хизмат мекунад.

Ҳамчунин, яке аз омилҳои манфиатбахши варзиш пешгирии зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои ғайриқонунӣ ва шомил гардидан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро миёни наврасону ҷавонон буда, он ҷавононро аз чунин хатарҳо наҷот мебахшад.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар, ба хусус дар вилояти Хатлон, ба зинаи комилан нави рушд расид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими заминаи моддию техникии соҳаро ҳадаф қарор дода, барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо пайваста чораҳои зарурӣ меандешад, зеро мардуми тоҷик ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд дошта, ин анъана дар вилоят низ ривоҷ дорад.

Дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ба хотири ҳавасмандсозии варзишгарон ва қадрдонии дастовардҳои онҳо дар мусобиқа ва чемпионатҳои сатҳи байналмилалӣ, Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таъсис дода шуд. Минбаъд чеҳраҳои муваффақи соҳаи варзиш бо ин ҷоиза қадрдонӣ карда мешаванд.

Варзишгарони вилояти Хатлон бо азму иродаи қавӣ дар остонаи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси варзишӣ ноил гардида истодаанд.

Иншооти нави варзишӣ, толорҳои замонавӣ ва майдончаҳои муҷаҳҳаз, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар заминаи сиёсати созандаи Роҳбарияти олии сиёсии кишвар сохта ба истифода дода шудаанд, туҳфаи арзанда ба ин ҷашни миллӣ буда, барои тарбияи насли наврас ва варзишгарони оянда шароити мусоид фароҳам овардаанд.

Тибқи таҳлилҳо, дар давоми панҷ соли охир дар вилоят 171 иншооти варзишӣ бо тамоми шароити муносиб ва бо маблағи 241,5 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифта, варзишгарони вилоят дар мусобиқа ва чемпионатҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар панҷ солу шаш моҳи соли равон 16 968 медал ба даст овардаанд, ки 868 адади он аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мебошанд.

Дар шаш моҳи соли 2026 дар ҳудуди вилоят 26 иншооти варзишӣ бо маблағи 13,7 миллион сомонӣ ба истифода дода шуда, дар 53 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ риштаи дӯстии варзишгаронро мустаҳкам намуда, боиси афзоиши обрӯву мартабаи Тоҷикистон мегардад.

Варзишгарони вилоят дар шаш моҳи аввали соли 2026 ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар 19 мусобиқаи байналмилалӣ ва 60 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 443 медали тилло, 402 медали нуқра ва 624 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 1 469 медал ба даст овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 медал зиёд мебошад.

Мо ҳамеша барои варзишгарон шароити созгор фароҳам меоварем, то ки парчами кишварро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, барои ҳазорон ҷавони дигари мамлакат намунаи ибрату пайравӣ ва тарғибгари тарзи ҳаёти солим бошанд.

Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯз ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир ва бархӯрди тамаддунҳо моро водор месозад, ки барои солимии ҷомеа ба рушди самтҳои гуногуни варзиш, бахусус ҷалби бештари аҳолии вилоят ба тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, наврасону ҷавононро бештар ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб намоем.

Дар ҳудуди вилоят бо мақсади фаро гирифтани аҳолӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ айни замон 4 267 иншооти гуногуни варзишӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 42 варзишгоҳ, 3 281 майдончаи варзишӣ, 597 толори варзишӣ, 40 ҳавзи шиноварӣ, 14 маҷмааи варзишӣ ва 248 иншооти махсуси варзишӣ мебошанд.

Боварӣ дорам, ки бо фароҳам овардани чунин имкониятҳои васеъ ва ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат, варзишгарони вилоят таҳти таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои маҳбубу муаззами миллат минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои нави варзишӣ равона месозанд.

Бо чунин ниятҳои нек ба ҳар як варзишгари вилоят барору комёбӣ таманно намуда, ба Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ, амнияти комил ва ба мардуми сарзамини биҳиштосо саломатии бардавомро орзу дорам.

Рӯзи варзишгарон муборак!

Related Articles