НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД
БОХТАР, 10 август. – Дар нимсолаи аввали соли 2026 маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилояти Хатлон ба 19,9 миллиард сомонӣ расида, рушди воқеии он 108,1 фоиз таъмин гардидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи раиси вилоят, ҳиссаи Хатлон дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар давраи ҳисоботӣ 24,3 фоизро ташкил додааст.
Нишасти матбуотӣ бо мақсади ҷамъбасти фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид. Дар он роҳбарияти вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ нақши воситаҳои ахбори оммаро дар инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоят муҳим арзёбӣ карда, барои ҳамкории созанда бо мақомоти давлатӣ ба рӯзноманигорон изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки танҳо дар шаш моҳи соли 2026 аз ҷониби рӯзноманигорони телевизионҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва байналмилалӣ, нашрияву маҷаллаҳо, сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 12 ҳазор барнома, гузориш ва дигар матолиб вобаста ба ҳаёти вилояти Хатлон омода ва нашр шудааст.
Ҳамчунин, тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят раисони 25 шаҳру ноҳия ва роҳбарони 97 ташкилоту муассисаи вилоятӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 бо намояндагони ВАО нишастҳои матбуотӣ баргузор намудаанд. Дар ҷараёни ин нишастҳо беш аз 1200 саволи рӯзноманигорон ба масъулон пешниҳод шуда, ба онҳо посухҳои мушаххас дода шудаанд.
Молия ва буҷет
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷети вилоят бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1 миллиарду 974,4 миллион сомонӣ ворид шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 58,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Барои ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 2,9 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, 2,7 миллиард сомонӣ ё 92,5 фоизи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона шудааст.
Дар вилоят 313 ҳазору 283 нафар нафақахӯр ба қайд гирифта шуда, талаботи нафақапулӣ ба маблағи 970,4 миллион сомонӣ пурра пардохт шудааст. Ҳаҷми миёнаи нафақа 502,01 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,29 сомонӣ ё 8 фоиз афзоиш ёфтааст.
Қарздиҳӣ ва соҳибкорӣ
Дар шаш моҳи соли 2026 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон 3,7 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Ҳаҷми қарзҳои додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,6 фоиз ё 745,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 1,7 миллиард сомонӣ ба соҳибкорон, аз ҷумла 1,2 миллиард сомонӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ равона шудааст.
Қисми асосии қарзҳо ба соҳаҳои истеъмолот, кишоварзӣ, савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ, таъмири хона, хизматрасонӣ ва саноат равона гардидаанд.
Савдо ва хизматрасонӣ
Гардиши моли дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 ба 13,3 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 миллиард сомонӣ ё 59,3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 1,6 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 212 миллион сомонӣ ё 11,2 фоиз зиёд шудааст.
Гардиши савдои хориҷии вилоят дар шаш моҳи соли ҷорӣ 232,9 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Аз ин маблағ 106,1 миллион доллар ба содирот ва 126,8 миллион доллар ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.
Сармоягузорӣ ва ҷойҳои нави корӣ
Дар вилояти Хатлон 48 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун амалӣ шуда истодааст. Аз оғози татбиқи ин лоиҳаҳо дар доираи онҳо 1,2 миллиард доллари амрикоӣ маблағ азхуд гардидааст.
Ба ҳолати 1 июни соли 2026 дар вилоят 30 ҳазору 866 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Аз ин шумора 27 ҳазору 896 ҷой аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва 2970 ҷой аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ташкил гардидааст.
Музди миёнаи меҳнат ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ 2681,11 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Кишоварзӣ – яке аз бахшҳои калидии иқтисоди вилоят
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳи соли 2026 ба 17,1 миллиард сомонӣ расида, рушди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106 фоиз таъмин шудааст. Ҳиссаи вилояти Хатлон дар истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии кишвар 59 фоизро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ дар вилоят дар майдони 330 ҳазору 948 гектар кишти асосии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо 19 ҳазору 204 гектар зиёд мебошад.
Майдони кишти пахта 117 ҳазору 436 гектарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9311 гектар афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин, дар майдони 31 ҳазору 293 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 423,4 ҳазор тонна ғалладонагӣ, 176 ҳазор тонна картошка, беш аз 1 миллиону 14,4 ҳазор тонна сабзавот, 544,6 ҳазор тонна полезӣ, 144,3 ҳазор тонна мева, 55,4 ҳазор тонна гӯшт ва 170,5 ҳазор тонна шир истеҳсол шудааст.
Ҳамчунин, дар ин давра 71,3 миллион дона тухм, 3742 тонна пашм, 191,1 тонна пилла, 315 тонна асал ва 1079 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳудуди вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 33 ҳазору 413 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст.
Афзоиши истеҳсолоти саноатӣ
Дар нимсолаи аввали соли 2026 дар вилояти Хатлон ба маблағи 6,2 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 896,4 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати рушди саноат 113,9 фоизро ташкил додааст.
Рушди соҳа аз ҳисоби афзоиши истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, саноати коркард, саноати истихроҷ ва дигар бахшҳо таъмин шудааст.
Дар корхонаҳои саноатии вилоят истеҳсоли як қатор маҳсулоти муҳим афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, истеҳсоли нахи пахта ба 10,2 ҳазор тонна, микросемент ба 1336 тонна, шпаклёвка ба 6644,9 тонна, хишти бинокорӣ ба 21,3 миллион дона ва мебел ба 5412,1 дона расидааст.
Дар соли сипаришуда аз ҷониби соҳибкорон 46 корхона бо таъсиси зиёда аз 443 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии вилоят ба 927 адад расидааст.
Нақлиёт ва сохтмон
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми боркашонӣ дар вилояти Хатлон 26,1 миллион тоннаро ташкил дода, мусофиркашонӣ ба 100,4 миллион нафар расидааст. Нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 2,6 миллион тонна ва 7,6 миллион нафар зиёд мебошанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1301 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 107 адад пулу қубур бо маблағи умумии 159,6 миллион сомонӣ таъмир гардидаанд.
Дар соҳаи сохтмон бошад, дар шаш моҳи соли 2026 аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 1,7 миллиард сомонӣ равона шуда, ба ҳамин маблағ корҳои сохтмону васлкунӣ иҷро гардидааст. Дар ин давра ба маблағи 810,1 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудаанд.
Пешрафт дар соҳаи маориф
Дар 1403 муассисаи таълимии вилояти Хатлон дар соли таҳсили 2025–2026 беш аз 942 ҳазор хонанда, аз ҷумла 458 ҳазору 58 духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Шумораи омӯзгорон 50 ҳазору 445 нафарро ташкил дода, дар давраи ҳисоботӣ теъдоди онҳо 2182 нафар афзоиш ёфтааст.
Дар муассисаҳои томактабии вилоят ва марказҳои рушди кӯдак дар маҷмӯъ 138 ҳазору 232 кӯдак фаро гирифта шудаанд, ки 33,2 фоизи кӯдакони синни дахлдорро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2025-ум 24,7 фоиз буд.
Хонандагони вилояти Хатлон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд. Дар соли таҳсили 2025–2026 дар олимпиадаҳои байналмилалӣ тариқи фосилавӣ 14 ҳазору 251 нафар хонанда иштирок намуда, соҳиби 3640 медал шудаанд. Аз ин шумора 829 медал тилло, 1196 медал нуқра ва 1615 медал биринҷӣ мебошанд.
Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ низ беш аз 2000 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят иштирок намуда, 1167 нафар соҳиби медалҳои ифтихорӣ шудаанд.
Тандурустӣ ва фарҳанг
Дар вилояти Хатлон 1837 муассисаи муолиҷавию профилактикӣ фаъолият дошта, аз ҷумла 1255 муассисаи шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва 116 муассисаи беморхонавӣ мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ сохтмони 22 иншооти соҳаи тандурустӣ дар ноҳияҳои вилоят ба анҷом расида, ба истифода дода шудааст.
Дар соҳаи фарҳанг дар вилоят 492 китобхона фаъолият дорад, ки хазинаи умумии онҳо беш аз 2,5 миллион нусха китобро ташкил медиҳад.
Шумораи осорхонаҳо 18 адад буда, дар онҳо 34 ҳазору 922 нигора нигоҳдорӣ мешавад. Дар ҳудуди вилоят инчунин 945 ёдгории таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла 620 ёдгории бостонӣ, 97 ёдгории меъморӣ ва 228 ёдгории монументалӣ мавҷуд аст.
Ҷавонон ва варзиш
Ба ҳолати 1 июли соли 2026 шумораи ҷавонон дар вилояти Хатлон 1 миллиону 53 ҳазору 110 нафарро ташкил додааст.
Дар вилоят 45 мактаби варзишӣ бо 1529 гурӯҳи варзишӣ ва 19 ҳазору 600 машқварз фаъолият дорад. Шумораи иншооти варзишӣ ба 4222 адад расидааст.
Варзишгарони вилоят дар 79 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 1469 медал, аз ҷумла 443 медали тилло, 402 медали нуқра ва 624 медали биринҷӣ шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 медал зиёд мебошад.
Рушди сайёҳӣ
Вилояти Хатлон дорои имкониятҳои зиёди сайёҳӣ буда, дар ҳудуди он садҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои бостонӣ, осоишгоҳҳо ва иншооти хизматрасонии сайёҳӣ мавҷуданд.
Тибқи маълумоти масъулони шаҳру ноҳияҳо, дар шаш моҳи соли 2026 ба вилояти Хатлон 930 ҳазору 961 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ташриф овардаанд.
Дар вилоят барои қабули сайёҳон 134 меҳмонхона, 158 мавзеъи сайёҳӣ, 270 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 143 тарабхона, 18 ширкати сайёҳӣ, 49 ҳомстей ва гестхаус, 80 мағозаи фурӯши армуғонҳо ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъолият мекунанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ҷамъбасти суханронии худ таъкид намуданд, ки барои идомаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда тамоми захираҳо сафарбар карда мешаванд.
Аз сокинони вилоят даъват карда шуд, ки дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Раиси вилоят ҳамчунин таъкид карданд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди саноат, истифодаи имкониятҳои кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ боқӣ мемонад.
Сипас, раиси вилоят ба саволҳои рӯзноманигорон посух дода, пешниҳодҳои инҳоро қабул намуданд.
Дар фарҷоми нишаст Давлаталӣ Саид ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории созанда ва инъикоси фаъолияти иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон изҳори сипос намуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

