Имрӯз, 3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Панҷ аз рафти оғози кишти пахта дар хоҷагии деҳқонии «Ғаюр», воқеъ дар деҳоти Меҳвар боздид намуданд.
Зимни боздид ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки кишти пахта (пумбадона) дар хоҷагӣ сари вақт оғоз гардида, корҳои саҳроӣ бо риояи талаботи агротехникӣ ба роҳ монда шудаанд. Қайд гардид, ки хоҷагии деҳқонии «Ғаюр» дорои 5,65 гектар заминҳои кишоварзӣ буда, роҳбарии онро Тавуров Бахтиёр ба уҳда дорад.
Хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва техникаҳои муосири кишоварзӣ талош доранд, ки кишти босифатро таъмин намуда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо кишоварзон ба фаъолияти онҳо баҳои мусбат дода, таъкид намуданд, ки оғози саривақтии кишти пахта яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин, истифодаи самараноки замин, риояи қатъии меъёрҳои агротехникӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир бояд дар маркази диққати ҳар як хоҷагӣ қарор дошта бошад.
Дар анҷоми боздид ба масъулин ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли пахта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

