Имрӯз, 31 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бинои иловагии таълимиро дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави таълимӣ дар деҳаи Зафаробод, ҷамоати деҳоти Хуррамдиёр ҷойгир буда, барои 364 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар асоси лоиҳа 7 синфхона, утоқи омӯзгорон ва утоқи кории директори муассисаро дар бар мегирад.
Зикр гардид, ки бинои пешинаи муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, зарурати бунёди бинои нави замонавӣ ба миён омада буд. Бо дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохтмони иншоот соли 2025 оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Барои бунёди бино дар маҷмӯъ 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ масраф гардида, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 16 нафар мутахассисони соҳа бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо шароити таълимӣ бо омӯзгорон ва хонандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, таъкид намуданд, ки фароҳам овардани чунин шароити мусоид имконият медиҳад, ки сатҳи таълиму тарбия боз ҳам беҳтар гардад. Ҳамзамон, омӯзгорон ва хонандагон вазифадор карда шуданд, ки аз имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода бурда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати худ саъю талош намоянд.
Ифтитоҳи иншооти навбатӣ дар самти рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани шароити таълим дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қадами муҳим арзёбӣ гардида, ба таъмини таҳсилоти босифат барои насли наврас заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

