ИҶЛОСИЯИ СЕЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛКИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, 29 сентябр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум таҳти раёсати Давлаталӣ Саид – раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилоят, баргузор гардид.

Дар иҷлосия муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, вакилон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони шуъбаҳои морифи шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Масъалаҳои “Ахбороти Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Кӯлоб №№5, 8, Кӯшониён №16, Ёвон №33, Қубодиён №37, Фархор №58 ва тасдиқ намудани ваколати вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум”, “Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №660 “Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон”, “Ҳисоботи фаъолияти Сармуассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангали вилоят ва минтақа оид ба қонунвайронкунӣ дар соҳаи ҷангал ва таъмини иҷрои Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят” дар иҷлосия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нахуст пас аз садо додани Суруди миллӣ раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид иҷлосияро ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар қисмати Масъалаҳои ҷорӣ мавзуъҳои “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз 12 марти соли 2025, №6 «Дар бораи интихоби ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон», “Дар бораи тасдиқи Нақшаи генералии маркази шаҳри Левакант”, “Оид ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз 28 июни соли 2025, №9 “Дар бораи номгузорӣ намудани Филиали институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба номи Бобо Сангин”, “Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси вилояти Хатлон», ки дар давраи байни иҷлосияҳои 2-юм ва 3-юми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум баррасӣ гардида, қарор қабул гардид.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид оид ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративӣ, саноат, энергетика, бонк, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, илм ва маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуда, дар назди вакилони маҷлис ва фаъолони вилоят вазифагузорӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles