ДИҚҚАТ! ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “НЕРУИ СУХАН” АЗ РӮИ 10 НОМИНА БАРОИ РӮЗНОМАНИГОРОН

Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли 2020, №10, “Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни беҳтарин маводи журналистӣ барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан»” ҳамасола бо мақсади таҳкими ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма, дастгирии рӯзноманигорон, собиқадорони матбуот, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла рушди иқтисодию иҷтимоии вилояту кишвар, тарғиби расму ойин ва арзишҳои миллӣ, имкониятҳои сайёҳии вилоят, ҳунарҳои мардумӣ, рушди деҳот, раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолона ширкат меварзанд, инчунин сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз воқеаву рӯйдодҳои мубрам, шарҳу тавзеҳи воқеъбинонаю асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб, ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят ва кишвар, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, неру бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон озмуни “Неруи сухан” баргузор карда мешавад.

Тибқи низомнома, озмуни мазкур дар Рӯзи матбуоти тоҷик – 11 март ҷамъбаст гардида, ба ғолибон ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ аз рӯйи 10 номинатсия Сипоснома ва мукофотпулӣ тақдим карда мешавад.

Дар озмуни “Неруи сухан” рӯзноманигорон ва кормандони васоити ахбори оммаи вилояти Хатлон ва намояндагони расонаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалие, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон фаъолият менамоянд, иштирок карда метавонанд.

Ҳоло қабули маводи довталабон ба озмуни “Неруи сухан” аз рӯйи номинатсияҳои зерин:
1. “Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ”
2. “Беҳтарин барномаи телевизионӣ”
3. “Беҳтарин барномаи радиоӣ, маводи чандрасонаӣ ва интернетӣ”
4. “Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)”
5. “Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ”
6. “Беҳтарин лавҳаи телевизионӣ ва фоторепортаж дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунару анъанаҳои мардумӣ”
7. “Беҳтарин сомонаи интернетии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”
8. “Беҳтарин наворбардор /саҳифабанди нашрия”
9. “Беҳтарин котиби матбуотӣ”
10. “Рӯзноманигори соҳибмактаб”.
оғоз гардидааст.

Муҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар озмун аз 1 то 31 январ муқаррар карда мешавад.

Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Неруи сухан» пешниҳодшуда бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январ то 30 декабри соли 2023 пахш ва ё нашр гардида бошад.

Талабот ба мавод
Маводи чопӣ ва интернетӣ дар шакли нусхаи саҳифаи рӯзнома ва сомона бо ишора ба манбаъ ва санаи нашри мавод қабул карда мешавад. Маводи аудиоӣ ва телевизионӣ бо пешниҳоди афзори CD/ DVD ё FSV, ҳамзамон бо нусхаи сенарияи мавод бо забон ва замони пахши барнома бояд пешкаш гардад.

Дар озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ силсилаи матлабҳо омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гурӯҳи эҷодӣ танҳо аз рӯйи як номинатсия ба мукофот довталабӣ карда метавонад.

Ҳар як иштирокчии озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод пешниҳод намояд.

Ҳайати ҳакамон ҳуқуқ дорад, ки дар сурати ба талаботи номинатсия ва шартҳои озмун ҷавобгӯ набудани маводҳои пешниҳодкардаи довталабон, Ҷоизаи “Неруи сухан”-ро ба ҳеҷ кадоме аз довталабон мансуб надонад.

Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Неруи сухан» пешниҳодшуда бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январ то 30 декабри ҳамон сол пахш ва ё нашр гардида бошад.

Муҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар озмун аз 1 то 31 январ муқаррар карда шавад.

Маводи ба озмун пешниҳодгардида аз рӯйи чунин нишондиҳандаҳо баҳогузорӣ карда мешаванд:
– аҳамият ва арзиши иҷтимоии маводи журналистӣ;
– риояи меъёрҳои байналмилалалии рӯзноманигорӣ;
– риояи ахлоқи касбӣ;
– далелнокӣ, аслияти баён ва умқи ифшои мавзӯъ;
-фарогирӣ ва пуррагии инъикоси масъалаҳо;
– истифодаи самарабахши иттилооти муқоисавӣ – арқоми оморӣ ва таҳлил;
– аҳамияти амалии мавод;
– дақиқият, оммафаҳмии забони мавод ва тарзи баён;
– муносибати ҳирфаӣ ба омода намудани мавод, малакаи дарёфти навори нодир ва ҷанбаҳои аҷоиби мавзӯи инъикосшаванда;
– фардияти муаллиф ҳангоми таҳияи мавод ва мутобиқати мавод ба меъёрҳои эълоншуда;
– ҳамкории хуби котиби матбуотӣ бо идораи воситаҳои ахбори омма (барои номинатсияи «Беҳтарин котиби матбуотӣ»), пешниҳоди пресс-релизҳо, рӯйхати ВАО-е, ки маводи котиби матбуотиро бознашр кардаанд;
– наворҳои босифат, тарроҳии оригиналии саҳифаҳои рӯзнома/маҷалла, навоварӣ дар дизайн/наворбардорӣ.
Дар номинатсияи «Рӯзноманигори соҳибмактаб» довталабон аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳогузорӣ карда мешаванд:
– саҳмгузорӣ дар рушди матбуоти тоҷик;
– тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи рӯзноманигорӣ;
– пешниҳоди мақолаҳои илмӣ, тавсиявӣ, таҳлилӣ оид ба вазъу ҳолати журналистика;
– тақвияти мактаби эҷодии «устоду шогирд».

Маводи рекламавӣ ва маводи иттилоотие, ки бо шартҳои тиҷоратӣ дар ВАО ба нашр расидаанд, ҳамчун маводи озмун баррасӣ карда намешаванд.

Маводҳои худро тариқи чопӣ ба Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ва тариқи электронӣ ба почтаи ittiloot@khatlon.tj ирсол намоед.

Телефон барои тамос: (8 32 22) 2 2 57 48, 902 12 34 51

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles