Имрӯз, 12 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва гармхонаҳои мавсимӣ, рафти нашъунамои пахта ва дигар маҳсулотҳои полезӣ шинос гардида, дар як қатор хоҷагиҳои тухмипарварӣ ба кишти пунбадона ҳусни оғоз бахшиданд.
Нахуст, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз Кооперативи тиҷоратии тухмипарварӣ ба номи Эмомалӣ Раҳмон боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки кооперативи мазкур 1341 гегтар заминро дар ихтиёр дошта, аз ин ҳисоб дар 700 гектари он имсол пахта кишт мешавад.
Кишоварзон аз тухмии навъҳои Лазер, Дӯстӣ , Элита ва Лотос истифода намуда, интизори онро доранд, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.
Раиси вилоят ба кишти пунбадона дар ин хоҷагӣ оғоз бахшида, ба кишоварзон ҷиҳати истифодаи самараноки замин тавсияҳои муҳим доданд.
Зикр гардид, ки аз ҳисоби заминҳои хоҷагӣ 1044 гекттари онро заминҳои обӣ ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки ба ҷуз аз кишти пахта ҳамчунин дар масоҳати 453 гегтар ғалла, 26 гектар сабзавот, 16 гектар пиёз, 13 гектар картошка ва 17 гектари дигар зироати хӯроки чорво кишт шудааст.
Раиси вилоят зимни сафари корӣ ҳамчунин аз маданияти истифодабарии замин дар манзилҳои истиқоматии сокинон огоҳ гардида, ҷиҳати оқилонаю самаранок истифода намудани ҳар қитъа замини дар ихтиёрдошта ва аз он гирифтани ду-се ҳосил дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон