Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Панҷ аз фаъолияти гармхонаи хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Уроқ”, воқеъ дар деҳаи Авангарди ҷамоати деҳоти Озодагон дидан намуданд.
Дар хоҷагии деҳқонии мазкур аз 14 гекгтар замин дар 13 гектари он пахтаи зери плёнка ва дар боқимонда заминҳо картошка, помидор бодиринг кишт кардаанд.
Раиси вилоят аснои боздид ба хоҷагидорон дастур доданд, ки корҳои деҳқониро бо истифода аз тухмиҳои хушсифат вусъат бахшида, ҳамчунин заминҳои наздиҳавлигии худро оқилона истифода намоянд.
Раиси вилоят дар ин замина ҳамчунин аз заминҳои наздиҳавлигии иддае аз сокинони маҳаллӣ дидан намуданд. Мушоҳида гардид, ки сокинон бештар дар заминҳои наздиҳавлигии худ картошка кишт намуда, ҳамсола то ду-се ҳосил аз ин заминҳо ба даст меоранд.
Ҷиҳати баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин раиси вилоят ба сокинон иброз доштанд, ки ҳар як қитъа замини дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода намоянд.
Ҳамчунин, раиси вилоят аз раванди таълим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38 огоҳ шуда, бо омӯзгорону хонандагон мулоқот анҷом доданд.
Раиси вилоят ба масъулон оид ба самти таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо, ташкили дарсҳои иловагӣ, муҷаҳҳаз гардонидани майдонча ва кабинетҳои омодагии дифои ҳарбӣ, ташкили китобхонаҳои электронӣ, истифодаи воситаҳои аёнӣ ва техникии таълим, ба китобхонӣ ҷалб намудани мактаббачагон дастуру тавсияҳои муҳим доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон