БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲО ДАР САМТИ БЕЗАРАРГАРДОНИИ МАЛАХ

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз мавзеъҳои хурӯҷи малах дар шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Вахш, Левакант ва Кӯшониён боздид намуда, бо раванди корҳои безараргардонӣ шинос шуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни боздид ҷиҳати саривақт гузаронидани чорабиниҳо ва дар ин замина муҳофизати майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо аз малахи марокашӣ, инчунин ҳаллу фасл намудани мушкилоту камбудиҳо дар мубориза бар зидди малах ба масъулон супориш доданд.

Ба назари мутахассисон малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзии вилояти Хатлон мефароянд.

Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон Ситоди мубориза бар зидди малах дар шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуда, то имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии малах заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас гардидааст.

Роҳбари Филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Хатлон вазифадор карда шуд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин дар ҳар як шаҳру ноҳия харитаи мавзеъҳоро муайян ва коркарди техникиро дар ин мавзеъҳо ба роҳ монанд, дар ҳамкорӣ бо сохтори болоии худ ҷиҳати саривақт таъмиру омода кардани техникаю мошинолотҳои корхона ва ба миқдори зарурӣ захира намудани заҳрхимикатҳои сахттаъсир тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулон дастуру супоришҳо оид ба кору фаъолияти ситодҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ вобаста ба ташкили муборизаи муташаккилона бар зидди малах доданд. Таъкид гардид, ки корро дар ин самт ҷоннок намуда, оид ба пешгирии домангустарии ҳашароти зараррасон тамоми чораҳо андешида шавад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles