ХАТЛОН. 1 858 000 СОМОНӢ БАРОИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР СОЛИ 2025

Бо дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳаҷми мукофотпулӣ барои ҳавасмандии ғолибони даври вилоятии Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар соли 2025 ба таври назаррас афзоиш дода шуд.

Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2025, №18, барои донишҷӯён, хонандагон, омӯзгорон, ашхоси синну соли гуногун, ки дар даври вилоятии озмунҳо ғолиб мешаванд ва хароҷоти иловагӣ 1 858 000 сомонӣ ҷудо шудааст.

Дар асоси қарори раиси вилоят барои баргузор намудани даври вилоятии Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 463670 сомонӣ, “Илм – фурӯғи маърифат” 800230 сомонӣ ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 594100 муайян гардидааст.

Барои барандагони ҷойи якум 6000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 7200 сомонӣ (барои ду ҷой) ва ҷойҳои сеюм 7200 сомонӣ (барои 3 ҷой) ва омӯзгорон 2400 сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки рушди соҳаи маорифи вилоят таъмин гардида, соли таҳсили 2023-2024 – 2695 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 987 медал (аз ҷумла 68 медали тилло, 217 медали нуқра ва 702 медали биринҷӣ) ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2023 61 медал зиёд мебошад.

Соли 2024 шумораи довталабони вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли 2023 зиёд гардида, ба 63 ҳазор нафар расид ва 35 нафар (29%-и иштирокчиён) соҳиби 2 ШОҲҶОИЗА, 3 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм ва 19 ҷойи сеюм гардиданд.

Қобили зикр аст, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 12 декабри соли 2024, таҳти №720, соли 2025 дар қаламрави вилояти Хатлон “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон гардидааст. Ҳадаф аз ин иқдом зиёд намудани шавқу ҳаваси на фақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, донишҷӯёну магистрантҳо, омӯзгорон, шоирону нависандагон, косибон, кишоварзон, нафақахӯрон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ба хониши китоб, мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср мебошад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles