ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар бораи баргузор намудани даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар вилояти Хатлон

Бо мақсади иҷрои самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-709 дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ҳамзамон дар сатҳи зарурӣ омода намудани қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва сокинони вилоят ба Озмуни мазкур дар соли 2025, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қ а р о р   м е к у н а м:

  1. Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2025, №АП-709 “Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷиҳати иҷро ба роҳбарӣ гирифта шавад.
  2. Ҳайати Комиссия ва ҷоизаҳои ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
  3. Шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят, раёсатҳои кор бо занон ва оила, маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, идораи телевизион ва радиои вилоят, бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилоят ва муассисаҳои олии ҳудуди вилоят барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмун чораҳои зарурӣ андешанд.
  4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи қарори мазкурро таъмин намуда, ғолибони озмун ва омӯзгорону падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявии Озмун барандаи ҷоизаҳо мешаванд, бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
  5. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба дастгоҳи раиси вилоят ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии сатҳи вилоятӣ аз ҳисоби маблағҳои дар харҷнома пешбинигардидаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон барои озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2025 ба маблағи 463670 (чорсаду шасту се ҳазору шашсаду ҳафтод) сомонӣ ҷудо намояд.
  6. Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳисобот пешниҳод намояд.
  7. Қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли 2024, №2 оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, АП-480 «Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар вилояти Хатлон аз эътибор соқит карда шавад.
  8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси вилоят, сарпарасти соҳа ва роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон гузошта шавад.

                              

Related Articles