Боиси фараҳмандист, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои суботу осоиштагӣ ва ваҳдати комили миллӣ зиндагӣ карда, шоҳиди пешрафтҳои рӯзафзуни диёри маҳбубамон дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, саноату кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу маънавиёт мегарданд.
Тамоми музаффарият ва неъматҳое, ки дорем, ба шарофати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат мамлакатамон ба рушду шукуфоӣ расидааст.
Ғамхориву таваҷҷуҳи доимии Сарвари мамлакат ҷиҳати устувор гардонида-ни иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани мавқеъ ва эътибори давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва дар маҷмуъ, таъмини зиндагии шоистаи мардум бесобиқа буда, зери сиёсати муваффақи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмону меъморӣ ва самтҳои гуногунҷанбаи иҷтимоӣ дар вилоят таъмин гардида истодаанд. Ин ҳама пешрафтҳо аз иҷрои дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баён гардидаанд, бармеояд.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмони 6260 иншоот пешбинӣ гардида, дар умум зиёда аз 3,5 ҳазор биною иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Танҳо дар соли 2024 дар вилоят зиёда аз 1240 иншооти таъйиноти гуногун ба истифодаи умум супурда шуд.
Дар доираи сафарҳои Ҷаноби Олӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Норак, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ховалинг, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2024 даҳҳо адад иншооти таъйиноти гуногун бо таъсиси садҳо ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Таърих гувоҳ аст, ки сиёсатмадори бузурги миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нақши сулҳофаринӣ дилу дидаҳоро тасхир намуданд, сарнавишти миллатро дигаргун карданд ва бо он ҳама созандагӣ, диловарӣ, ҷавонмардиашон тани танҳо тавонистанд маҳбуби мардум гарданд.
Сокинони вилояти Хатлон бо ному фаъолияти шоистаи таҳсини Пешвои миллат ҳамеша ифтихор менамоянд, ҳар як иқдому ташаббус, дастуру роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои беназири ӯро дар масири бузурги давлатсозию давлатдорӣ пуштибонӣ намуда, муҳаббату самимияти худро бо меҳнати содиқона барои рушду нумӯи диёр ифода менамоянд.
Далели бузургу раднопазири дастовардҳои болозикр ин эҳтирому самимияти сокинони вилоят нисбат ба Пеш-вои маҳбуби миллат аст, ки аз фаъолияти пурмаҳсул, созанда ва дар дохилу хориҷи кишвар эътирофшудаашон бармеояд.
Кулли дигаргуниҳои мусбате, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар робита ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон ба мушоҳида мерасад, натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии самарабахш ва хиради азалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Ҷойи ифтихор аст, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, бахусус оид ба дастрасӣ ба оби нӯшиданӣ, ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби ошомиданӣ ва дигар мушкилоти экологӣ, муборизаи беамон бо терроризму ифротгароӣ, таъмини амниятиозуқаворӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо қаноатмандӣ пазируфта шудаанд. Дар баробари ин, Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфт, ки ба муаррифии диёри мо ҳамчун мамлакати ташаббускор мусоидат намуд. Пешвои муаззами миллат бо ташаббусҳо ва ғояҳои башардӯстонаи худ дар ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоии халқҳои дунё ва дар маҷмуъ, дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор мегузоранд.
Ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи тарҳҳои бузурги ояндабинона баҳри рушду нумӯ ва ободии Ватан, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, ба феҳристи “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон” шомил гардидану Пешвои асри XXI эътироф гаштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели возеҳи эътибори ҷаҳонӣ доштани Президенти Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар симои Эмомалӣ Раҳмон Пешвои маҳбубу ғамгусор, Қаҳрамони миллӣ, Сарвари роҳнамову хирадпеша, ходими дурандеши давлатиро мебинанд ва бо чунин Фар-занди фарзонаи миллат худро масъуду фархундабахт мешуморанд.
Корномаи давлатсозию сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат ҳеҷ гоҳ аз хотираи мардум зудуда намешавад, зеро Пешвои миллат суннатҳои давлатдории гузаштагони худро, аз Куруши Кабир то Исмоили Сомонӣ, бо анъанаҳои давлатдории ҷаҳони муосир тавъам сохта, бори дигар онҳоро эҳё намуданд, бо сиёсати хирадмандона, ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва иф-тихори миллӣ давлати дар ҳоли суқут қарордоштаро дубора барқарор ва тамо-ми аркони давлатдориро устувору пой-дор сохтанд. Ғамхориву дилнавозии Сарвари давлатро тамоми мардуми Тоҷикистон дар рӯзу рӯзгори худ эҳсос мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз умеду муттакои дили миллат мебошанд ва мардуми Тоҷикистон Пешвои маҳбуби худро самимона дӯст медоранд, дар атрофи Сарвари фарзонаи давлат баҳри дифоъ аз манфиатҳои миллӣ, марзу бум ва арзишҳои давлатдориамон омодаи фидокорианд.
Эътимоди комил дорам, ки сокинони сарбаланди вилояти Хатлон ба поси хизматҳои мондагор ва фидокориҳои Ҷаноби Олӣ, ки дар поягузории сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлатдории навин, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ анҷом додаанд, беш аз пеш, бо сидқу вафо дар атрофи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муттаҳид шуда, дар татбиқи сиёсати инсонпарварона ва фар-досозашон ҳамеша ҳамдасту ҳиссагузор
хоҳанд буд.
Сокинони шарафманди вилояти Хатлон бо самимият ва эҳтироми бузург аз таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва ташрифи Пешвои муаззами миллат ба шаҳру ноҳияҳо сарфарозу сарбаланд буда, дар сиёсати бо-барору созандаашон собитқадам ва устуворанд.
Ҳар як сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон файзу баракат, фаровонию нусрат ва саодату шукуфоиро афзун намуда, азму суботи бунёдкоронаи мардуми шарифи Хатлонзаминро дар самти татбиқи ташаббусҳои ояндасоз таҳким мебахшад ва онҳоро ба фардои дурахшони ватани азизамон мутмаин месозад.
Имрӯз хатлониён аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат шукргузору қаноатманданд ва рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла вилояти Хатлонро ифтихормандона ба фаъолияти пурмаҳсул, самарабахш ва ибратомӯзи ӯ нисбат медиҳанд.
Боварӣ дорам, ки мардуми сарбаланди Хатлонзамин минбаъд низ сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати боз ҳам баланд бурдани дараҷаи некуаҳволии халқ, расидан ба ормонҳои миллӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ, таъмини рушди соҳаи саноат, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ, татбиқи нақшаву ниятҳои неки ободгарона ва сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пайгирона татбиқ хоҳанд
кард.
Раиси вилояти Хатлон
Давлаталӣ Саид