ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 87 ДАР ДЕҲАИ САФОБАХШ


Имрӯз, 19 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар деҳаи Сафобахш (Охунбобо)-и ҷамоати деҳоти Сафобахш бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 87 мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳо бо бахши хусусӣ сохта шудааст.

Бинои муассисаи нави таълимӣ якошёна буда, барои 540 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Муассисаи замонавии таълимӣ аз 9 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф моҳи январи соли 2021 оғоз гардида, бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар масоҳати 2 000 м2 бунёд карда шудааст. Дар рафти сохтмон беш аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои муассисаи нави таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгорону хонандагони ин муассисаи зебои замонавӣ ва падару модарони арҷмандро ба муносибати ифтитоҳи он табрик намуданд.

Раиси вилоят таъкид намуданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат барои онҳо муҳайё карда шудааст, бо сатҳи баланди масъулият, саводу маърифат, хониши намунавӣ ва одобу ахлоқ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles