ШАМСИДДИН ШОҲИН: ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


Имрӯз, 28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маркази хизматрасониро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои маркази хизматрасонӣ (меҳмонхона) соли 2022 оғоз гардида, айни замон корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ошхона ва дар ошёнаи дуюм бошад, меҳмонхона барои 12 ҷой муҳайё карда шудааст.

Маблағи сохтмон тибқи лоиҳа 308 ҳазор сомониро дар бар гирифта, аз тарафи соҳибкор Гулмадов Гулмад, сокини деҳаи Шӯроободи ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳия бунёд гардидааст.

Дар сохтмони бино зиёда аз 8 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб гардида, маоши онҳо вобаста ба корҳои ба анҷомрасонидашуда то 3800 сомониро ташкил дод. Бо ба истифода додани бинои мазкур 4 нафар сокинони ноҳия ба ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ ва имкониятҳои мавҷудаи бино, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, фаъолияти онро дар васеъгардонии инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ хуб арзёбӣ намуданд.

Раиси вилоят ҷиҳати муаррифии бештари таъриху фарҳанг, урфу одат, меҳмоннавозии тоҷикона, ҷалби мутахассисони касбӣ ва беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба соҳибкор изҳори миннатдорӣ баён намуда, ташаббуси эшонро намунаи олии ватандӯстӣ хонданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles