ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


Имрӯз, 3 феврал, дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи кории назди раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовини якум, муовинон, муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсат, мудирони шуъба, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ иштирок намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд, сухан гуфта, таъкид карданд, ки роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва супоришу вазифаҳои пешгузоштаи Президенти кишвар масъулияти шахсӣ доранд.

– Вобаста ба роҳандозии фаъолияти дурусти корхонаҳои пахта, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои корӣ, риояи интизоми меҳнат дар ҷойи кор, таъмини шароити мусоид барои сайёҳон ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба вилояти Хатлон, бо дарназардошти мураккабу вазнин ва ҳатарзо пешгӯӣ гардидани солҳои дарпешистода сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, пешбурди корҳои оммафаҳмонӣ ва вохӯриҳо бо ҷавонону сокинон, ҳидоят намудани онҳо ба ватандорию хештаншиносӣ, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, кишти баҳорӣ ва барвақтӣ, ҷалби сармоягузорӣ, пешниҳоди дурусти лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ҷиҳати бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, ҷамъоварии саривақтии андозҳо, беҳтар намудани сифати таълим ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббӣ, вусъат бахшидан ба раванди бунёди иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлат пурсон шуда, дастуру супоришҳои мушаххас ва тавсияҳои муфид доданд.

Давлаталӣ Саид зимни ҷаласа иброз намуданд, ки ҳанӯз ҳам дар вилоят имкониятҳои истифоданашуда барои рушди иқтисодиёт зиёданд, ки дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатии рушд барои таъмини зиндагии шоистаи мардум шароит фароҳам меоваранд.


– Сарвари мамлакат дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҳар яки мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад, – идома дод раиси вилоят.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles