АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ, 17 сентябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Пушкини ҷамоати деҳоти ноҳия бинои иловагии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави муассисаи таълимӣ бо саҳми сокинони маҳал бунёд гардида, аз 8 синфхона иборат мебошад. Он барои 200 нафар хонанда дар як баст ва дар ду баст барои 400 нафар ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Дар маросими ифтитоҳ Раиси вилояти Хатлон бо сокинони маҳал суҳбат намуда, ташаббуси созандаи онҳоро шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, ҷомеа ва ҳар як сокин бояд дар ин самт саҳми худро гузорад. Зеро таҳсили кӯдакон дар шароити муносиб барои баланд гардидани сатҳи дониш ва тарбияи насли соҳибмаърифат заминаи муҳим фароҳам меорад.
Ҳамчунин, дар доираи сафари корӣ дар назди муассисаи мазкур барои бунёди муассисаи томактабӣ барои 100 нафар кӯдак ва майдончаи варзишӣ санги асос гузошта шуд.
Масъулон ва сокинони маҳал изҳор доштанд, ки бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ ва майдончаҳои варзишӣ, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои кӯдакон ва наврасон мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

