ДАР ДЕҲАИ ЗАРНИСОР МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ, 17 сентябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз деҳаи Зарнисор дидан намуда, дар маросими ифтитоҳи бинои муассисаи томактабӣ иштирок карданд.

Муассисаи нави томактабӣ дар деҳаи Зарнисор, ҷамоати деҳоти Сайёд, бо ташаббус ва саҳми бевоситаи сокинони маҳал бунёд ва азнавсозӣ гардида, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 60 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ сокинони маҳал дар маҷмуъ 500 ҳазор сомонӣ маблағ сарф намудаанд.

Зимни ифтитоҳи муассиса Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сокинони деҳа, ташаббускорон ва фаъолони маҳал суҳбат намуда, аз иқдоми созандаи онҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки бунёду азнавсозии муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус муассисаҳои томактабӣ, яке аз самтҳои муҳими корҳои созандагию ободонӣ ба ҳисоб рафта, фароҳам овардани шароити муносиб барои тарбияи кӯдакон дар рушди минбаъдаи ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.

Раиси вилояти Хатлон саҳми сокинони деҳаро дар ободии маҳал ва татбиқи ташаббусҳои созанда шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, ба ташаббускорон барои дастгирии соҳаи маориф ва тарбияи кӯдакон изҳори сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles