МАРКАЗИ БАРВАҚТИИ ИНКИШОФИ КӮДАК ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ, 17 сентябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маркази барвақтии инкишофи кӯдакро дар деҳаи Шарифободи ҷамоати деҳоти Хуррамдиёр ифтитоҳ намуданд.

Бинои мазкур дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 бунёд гардида, аз ду синфхона иборат мебошад. Марказ барои фарогирии 48 нафар кӯдак пешбинӣ шуда, дар доираи Барномаи инкишофи кӯдак бо дастгирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон аз зинаи аввали таҳсил дар рушди ҳамаҷонибаи онҳо нақши муҳим дошта, барои омодасозии насли наврас ба таҳсилоти минбаъда заминаи мусоид фароҳам меорад.

Зимни боздид Раиси вилояти Хатлон бо омӯзгорони мактаб ва марказ суҳбат намуда, онҳоро ба таълиму тарбияи дурусти кӯдакон, истифодаи усулҳои муосири таълим ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва илмомӯзӣ тарбия намудани насли наврас ҳидоят карданд.

Масъулон ва омӯзгорон изҳор доштанд, ки фаъолияти марказ барои фароҳам овардани муҳити муносибу созанда барои кӯдакон ва фарогирии бештари онҳо ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles